Баргузории нахустин Ҳамоиши иқтисодии кишварҳои ҳошияи Хазар дар Туркманистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i44729-Баргузории_нахустин_Ҳамоиши_иқтисодии_кишварҳои_ҳошияи_Хазар_дар_Туркманистон
Давлати Туркманистон аз баргузории нахустин Ҳамоиши иқтисодии кишварҳои ҳошияи Хазар бо мушорикати панҷ кишвари соҳили ин дарёча дар минтақаи гардишгарии Овоза хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 27, 2019 11:09 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нахустин Ҳамоиши иқтисодии кишварҳои ҳошияи Хазар дар Туркманистон

Давлати Туркманистон аз баргузории нахустин Ҳамоиши иқтисодии кишварҳои ҳошияи Хазар бо мушорикати панҷ кишвари соҳили ин дарёча дар минтақаи гардишгарии Овоза хабар дод.

Ба гузориши ИРНО, Туркманистон рӯзи чаҳорашнбе дар баёнияе эълом кард Ишқобод нахустни Ҳамоиши иқтисодии кишварҳои ҳошияи Хазарро бо ташаббуси Қурбоналӣ Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳури ин кишвар дар таърихи дувоздаҳуми август ҳамзамон бо "рӯзи миллии баҳри Хазар" бо мушорикати панҷ кишвари соҳилии баҳри Хазар дар минтақаи гардишгарии Овоза баргузор мекунад.

Дабирхонаи ин ҳамоиш дар Ишқобод ҳадаф аз баргузории ин ҳамоишро баррасии нақши баҳри Хазар дар равандҳои ҷаҳонӣ ва тавсеаи сармоягузорӣ, истихроҷи нафт, газ, тавлиди барқ, мушорикати ҳамлу нақлӣ, тиҷорӣ, кишоварзӣ ва гардишгарӣ эълом кард.

Бар асоси ин гузориш, қарор аст дар ин ҳамоиш масъулон ва мақомҳои баландпояи давлатӣ ва бахши хусусии кишварҳои соҳилӣ мавзӯи ҳамкорӣ дар ҳавзаи баҳри Хазарро мавриди баҳсу баррасӣ қарор диҳанд.

Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон ва Туркманистон панҷ кишвари соҳилии баҳри Хазар ҳастанд.