Июл 06, 2019 12:45 Asia/Dushanbe
  • Сафари  наздики  Эмомали Раҳмон ба Қирғизистон

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон аз сафари наздики Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар хабар дод.

Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Қирғизистон эълом кард,ки  Сурунбой Ҷинбеков сафари ояндаи ҳамтои тоҷикаш ро барои ҳарду кишвар ба вижа дар ҳалуфасли масоили марзӣ муҳим донист.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон,ки саргарми боздид аз шаҳристони Ботканд дар наздикии марз бо Тоҷикистон аст тасриҳ кард,барои рафъи ихтилофҳои марзӣ тафоҳумҳои хубе дар ҷараёни сафари ман дар Душанбе ҳосил шуд ва ин раванд бо сафари ояндаи Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон тақвият хоҳад шуд.

Сурунбой Ҷинбеков дар айни ҳол ба замони дақиқ ва барномаҳои сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ишорае накард.

Вай дар айни ҳол гуфт: мо ба ҳеҷ ваҷҳ мавзуъи марз ро аз мади назар дур нахоҳем дошт. Ҳам мо ва ҳам Эмомалӣ Раҳмон омодаи гуфтугӯ ҳастем.

Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва беш аз 470 километри он таъийн ва аломатгузорӣ нашудааст. Аз ин рӯ номушахас будани марзҳо боис мешавад то ҳар аз гоҳе сокинони марзии ду кишвар бар сари мавзуъоте ҳамчун роҳсозӣ, манобеъи об ва чарогоҳҳо бо якдигар даргир шаванд.

Барчасп