Июл 17, 2019 16:05 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Чин бар густариши сармоягузорӣ дар Қирғизистон ва Тоҷикистон

Чин эълом кард, ки дар садади тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.

Вазорати бозаргонии Чин эълом кард, ба тозагӣ чанд ёддошти тафоҳум барои эҷоди коргурӯҳҳои ҳамкории санъатӣ ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистон ва Қирғизистон имзо кардааст, ки гоми муҳиме дар иртиқои сатҳи ҳамкорӣ бо ин ду кишвар маҳсуб мешавад.

Бар асоси ин гузориш, равобити тиҷорӣ ва иқтисодии Чин бо Қирғизистон ва Тоҷикистон дар солҳои гузашта натоиҷи муфиде доштааст.

Чин бузургтарин сармоягузор дар Тоҷикистон ва севумин шарики бузурги тиҷории ин кишвар аст, ки арзиши мубодилоти дуҷонибаи онҳо дар соли гузашта 1.51 миллиард доллар буд.

Чин ҳамчунин бузургтарин манбаи сармоягузорӣ ва бузургтарин шарики тиҷории Қирғизистон аст ва мубодилоти тиҷории ду кишвар дар соли 2018-и мелодӣ 5.61 миллиард доллар буд. Дар ҳамин ҳол, Ду Деуин, сафири Чин дар Қирғизистон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Слово Кыргызстана” таъкид кард, ки равобити Чин бо Қирғизистон дар беҳтарин даврони таърихи равобити ду кишвар аст.

Гуфтанӣ аст, ки солҳои ахир Чин нақши муҳиме дар тавсеаи равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон доштааст. Яке аз аслитарин авомили густариши равобит миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказиро метавон дар нигоҳи Чин ба Осиёи Марказӣ донист. Ҳадафи Чин аз ин нигоҳ, густариши тарҳи “Роҳи Абрешим” будааст, ки Чин ва кишварҳои Осиёи Марказиро ба бозорҳои аврупоӣ муттасил мекунад.

Тарҳи “Роҳи Абрешим” аз ин нуктаи мусбат бархурдор будааст, ки тавонистааст заминаи ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чинро афзоиш диҳад. Ин амр зарфияти сармояпазирӣ ва сармоягузорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро афзоиш додааст. Ба сурате, ки аз даруни тарҳи “Роҳи Абрешим” зарфиятҳои бисёре барои густариши тарҳҳои энержӣ ва санъатӣ дар Осиёи Марказӣ шакл гирифтааст.

Дар ин байн нуктаи асосӣ ин аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба дунболи сиёсатгузорӣ бошанд, ки дар натиҷаи он заъфҳои сохтории ин кишварҳо бартараф шуда ва заминаи тақсими одилонаи натоиҷи тавсеаи иқтисодӣ дар ин кишварҳо фароҳам шавад. Аз ин рӯ, метавон пешбинӣ кард, бо чунин иқдомоте заминаи шаклгирии ҳамгироии дарунӣ, минтақаӣ ва фароминтақаӣ бо меҳварияти тарҳҳои иқтисодӣ шакл бигирад.