Июл 18, 2019 11:50 Asia/Dushanbe
  • Барқарории парвозҳои борбарӣ аз Чин ба Узбакистон

Чин дар масири Синкиян-Тошканд парвозҳои нави борбарӣ роҳандозӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ин парвоз ҳафтае 5 то 7 маротиба анҷом мегирад.

Ҷин Фӣ мудири куллии Ширкати хадамоти ҳавопаймоии дохилии Чин гуфт, аввалин ҳавопаймоҳои борбарии ҳомили либос ва лавозими электроникӣ рӯзи душанбе 15 июл аз  Урумчи ба Тошканд парвоз кард.

Ҷин Фӣ изҳор дошт, қаблан интиқоли борҳо аз Чин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бо қатор ё мошини борбарӣ анҷом мешуд ва 12 рӯз замон мебарад, аммо пас аз роҳандозии масири ҳавоии замони он ба 3 соат коҳиши меёбад.

Чин бузургтарин ҳамкори иқтисодӣ ва бозаргонии Узбакистон мебошад.

Ҳамакнун дар Узбакистон беш аз 700 ширкат бо сармояи сармоягузорони чинӣ аз ҷумла беш аз 80 ширкат бо 100 дарсади сармояи сармоягузорони чинӣ дар заминаҳои мухталифи иқтисоди ин кишвар фаолият мекунанд.