Ташкили ситоди ҳаводорони Отамбоев барои муқобила бо маъмурони боздошт
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i45283
Телевизиони Қирғизистон эълом кард, ки ҳаводорони Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури пешини ин кишвар дар рустои маҳалли иқоматаш барои муқобила бо маъмурони боздошти ӯ, ситоди ҳамла эҷод кардаанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 20, 2019 17:32 Asia/Dushanbe
  • Ташкили ситоди ҳаводорони Отамбоев барои муқобила бо маъмурони боздошт

Телевизиони Қирғизистон эълом кард, ки ҳаводорони Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури пешини ин кишвар дар рустои маҳалли иқоматаш барои муқобила бо маъмурони боздошти ӯ, ситоди ҳамла эҷод кардаанд.

Ба гузориши ИРНА, Дмитрий Ложников, раиси канали телевизионии "Бишкек" дар Қирғизистон гуфт, дар рустои Кой-Таш, маҳалли иқомати Отамбоев ситоди мардумӣ барои муқобила бо ҳамлаи маъмурони роҳандозӣ шудааст.

Отамбоев, ки ба фасоди идорӣ муттаҳам аст, то кунун се бор барои бозҷӯӣ эҳзор шуда, аммо дар ҳеҷ ҷаласаи бозпурсӣ ширкат накардааст.

Севумин бозпурсӣ бояд дирӯз, 19 –уми июл баргузор мешуд.

Сергей Слесарёв, вакили дифои Отамбоев гуфтааст, ки вай барои бозҷӯӣ нахоҳад рафт, зеро ӯ ба унвони раисҷумҳури пешини Қирғизистон аз иттиҳомоти қазоӣ масун аст.

Ба гуфтаи ӯ, тасмими парлумони Қирғизистон барои маҳрум кардани Отамбоев аз ин масуният, хилофи қонуни асосии ин кишвар аст.

Парлумони Қирғизистон 27-уми июн Отамбоевро аз унвони раисҷумҳури пешин маҳрум ва Додситонии кулли ин кишвар низ онро таъйид кард ва чанд рӯз баъд аз ин иқдом, аъзои комиссияи парлумон мавзӯи ҳазфи масунияти ӯро барои ташкили парвандаи ҷиноӣ тасвиб карданд.

Низоми сиёсии Қирғизистон демократии парлумонӣ аст ва Қирғизистон ба хотири созукорҳои демократия як модели сиёсии хос дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, ба тавре, ки замоне ин кишвари кӯчакро “ҷазираи демократия” ё сарзамини инқилобҳои лолаӣ дар Осиёи Марказӣ меномиданд.