Радди овозаҳо дар бораи марги Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i45330-Радди_овозаҳо_дар_бораи_марги_Қурбонқулӣ_Бердимуҳаммадов
Сафорати Туркманистон дар Русия ахбори расонаҳо дар бораи марги Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳурии ин кишварро беасос донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 22, 2019 08:33 Asia/Dushanbe
  • Радди овозаҳо дар бораи марги Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Сафорати Туркманистон дар Русия ахбори расонаҳо дар бораи марги Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳурии ин кишварро беасос донист.

Ба нақл аз Спутник, сафорати Туркманистон дар Русия рузи душанбе хабари марги раиси ҷумҳур Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро такзиб ва эълом кард,ки Ӯ аз 15 июл дар таътилот ба сар мебарад.

Ҳамчунин Аслон Рӯбаев мудири назорат бар масоили Авруосиё дар Туркманистон низ,ки барои нахустин бор хабари даргузашти Бердимуҳаммадовро мунташир карда буд дар саҳифаи шахсии худ дар Фесбук ин хабарро рад ва аз бобати интишори он аз раиси ҷумҳури Туркманистон ва хонавода ва дӯстдорони Ӯ узрхоҳӣ кардааст.

Дар 30 соати ахир бархе расонаҳо ахбори зид ва нақизе аз марги раиси ҷумҳури 62 солаи Туркманистон мунташир карданд.

Бо ин ҳол радди ин хабар аз сӯи марказҳои номуртабите ҳамчун сафоратхонаҳои Туркманистон дар кишварҳои минтақа, ташдидкунандаи ин овозаҳо ба назар мерасад,дар ҳоле,ки ҳузур ва суханронии кутоҳмуддати зинда аз вай метавонист ба хуби дасти радде бар тамоми овозаҳо бошад.

Аз сӯи дигар ба гузориши сомонаи Ахбор, дар охирин гузориши хабаргузории давлатии Туркманистон дар бораи эътои унвони ифтихорӣ ба пизишкони туркманистонӣ, аз тасвир ва видиои аршивии Бердимуҳаммадов истифода шудааст.

Чанде пеш низ овозаҳое дар бораи бемории сахти Бердимуҳаммадов ва сафари вай ба Туркия барои дармон матраҳ шуда буд.

Густариши чунин овозаҳое бо фазои бастаи фаъолиятҳои расонаӣ дар Туркманистон иртиботи мустақим дорад. Туркманистон дар бештари раддабандиҳои озодии расонаӣ ва фазои бози сиёсӣ дар миёни кишварҳои ҷаҳон дар охирин ҷойгоҳ ва канори Кураи шимолӣ қарор мегирад.