Июл 22, 2019 18:14 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон аз шарикони аслии тиҷории Узбакистон

Кумитаи омори Узбакистон дар гузорише Чин, Русия, Қазоқистон, Туркия, Қирғизистон, Афғонистон ва Тоҷикистонро ҷузъи шуракои аслии тиҷории Тошканд муаррифӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Кумитаи омори Узбакистон дар гузорише Чин, Русия, Қазоқистон, Туркия, Қирғизистон, Афғонистон ва Тоҷикистонро ҷузъи шарикони аслии Тошканд муаррифӣ кард.

Бар асоси ин гузориш, мубодилоти тиҷории Узбакистон дар 6 моҳи аввали соли 2019 дар сатҳи 19.6 миллиард доллар буда ва дар муқоиса бо соли гузашта ҳудуди 30 дарсад, муодили 4.5 миллиард доллар рушд кардааст.

Тибқи ин матлаб Чин (19 дарсад), Русия (13.6 дарсад), Қазоқистон (8.1 дарсад), Туркия (6.8 дарсад), Қирғизистон (4.5 дарсад), Афғонистон (3.1 дарсад) ва Тоҷикистон (1.7 дарсад) аз шарикони аслии Узбакистон дар ҳавзаи тиҷорати хориҷӣ ҳастанд.

Ҳамчунин бар асоси иттилооти сафорати Қирғизистон дар Узбакистон, мубодилоти тиҷорӣ байни 2 кишвар дар соли 2016 дар сатҳи 192.3 миллион доллар, дар сол 2017 дар сатҳи 309.9 миллион доллар ва дар соли 2018 дар сатҳ 336.5 миллион доллар қарор дошт. Шоёни зикр аст, ки мақомоти 2 кишвар боло бурдани мубодилоти тиҷории дуҷониба ба 500 миллион долларро барномарезӣ кардаанд.

 

Барчасп