Июл 25, 2019 12:25 Asia/Dushanbe
  • Поёни овозаҳои марги раиси ҷумҳури Туркманистон

Бердимуҳаммадов ба овозаҳои маргаш поён дод.

Ба нақл аз ИРНО, имрӯз аксҳои наве аз Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳури ин кишвар, ки ҳафтаи гузашта хабари маргаш дар расонаҳо мунташир ёфта буд дар маросими расмии ҷаласаи кабинаи вазирон пахш ва ҳамчунин хабари тамоси телефонии рӯзи гузаштаи вай бо Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбакистон дар барномаи ахбори расмӣ мунташир шуд. Дар ин хабар эълом шуд, ки Бердимуҳаммадов гузоришҳое аз минтақаҳои мухталифи кишварро шунид ва аз тарҳҳои нави шаҳри Ишқобод боздид кард. Дар хабар унвон шуд, ки ҷаласаи кабинаи вазирон ба дархости шаҳрдор ва рӯзи гузашта барои ошноӣ бо тарҳҳои шаҳрсозии пойтахти Туркманистон баргузор шуд.

Хабаргузории русии Спутник, ҳафтаи гузашта хабари марги Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро эълом кард, ки дар расонаҳои дигар ҳам густариш ёфт, аммо баъдан тавассути сафорати ин кишвар дар Русия такзиб шуд бо ин вуҷуд ба сурати расмӣ давлати Туркманистон нисбат ба овозаи марги Бердимуҳаммадов вокунише нишон надода буд.

Чанд сол пеш ҳам овозаҳо пайромуни бемории Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов  раиси ҷумҳури Туркманистон ва гумоназанӣ барои ҷонишинии вай дар расонаҳо ва маҳофили Туркманитсон ва бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ ташдид шуда буд.Дар 26 декабри соли 2006 Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар маҷлиси Шурои Туркманистон бо ҳимояти аксарияти намояндагон номзадии худро барои тасаддии раёсати ҷумҳурии Туркманистон эълом ва дар 11 феврали соли 2007 бо бадаст овардани ҳудуди 89 дарсади овоз ба унвони дуввумин раиси ҷумҳури ин кишвар интихоб шуд ва ҳамчунон бар сандалии қудрати ин кишвар такия задааст.