Август 04, 2019 13:38 Asia/Dushanbe
  • Осиёи Марказӣ гази 500 миллион чиниро таъмин кард

Хатти лулаи Осиёи Марказӣ-Чин дар 9 соли гузашта, 277 миллиарду 400 миллион метри мукаъаб газро ба Чин интиқол додааст ва беш аз 500 миллион нафар аз ҷамъияти Чин дар 27 вилоят ва минтақаи ин кишвар аз он баҳраманд шудаанд.

Ба нақл аз ИРНО, ширкати хатти лулаи ғарбии Петро-Чайна эълом кард, хатти лулаи Осиёи Марказӣ-Чин дар нимаи имсол беш аз 23 миллиард метри мукаъаб гази табиӣ аз ин минтақа ба кишвари Чин мунтақил кардааст.

Ин хатти лула аз минтақаи марзии байни Туркманистон ва Узбакистон оғоз ва бо убур аз Узбакистон ва Қазоқистон ба хатти лулаи гази ғарбӣ-шарқии Чин муттасил мешавад.

Ин хатти лула бо иттисоли Туркманитсон ба шабакаи дохилии гази Чин имкони интиқоли газ дар фосилае 7 ҳазор километрӣ фароҳам мекунад.

Беш аз ниме аз содироти гази Туркманистон аз тариқи ин хатти лула ба Чин мунтақил мешавад.

Ширкати миллии нафти Чин (CNPC) дар июли 2007 як қарордоди мушорикат дар тавлид барои иктишоф ва тавсеаи майдонҳои газӣ дар ҳошияи рудхонаи Омударё ва ҳамчунин як қарордоди хариду фуруши газ бо Туркманистон имзо кард.

Ин ширкати чинӣ ҳамчунин қарордодҳое дар хусуси сохти хатти лула бо ширкатҳои Қазоқистон ва Узбакистон ба имзо расондааст.

Қарор аст Туркманистон ба муддати 30 сол солона ҳаддиақал 30 миллиард метри мукаъаб газ ба Чин содир кунад.

Барчасп