Август 08, 2019 09:20 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани ҳазору 500 тоҷик ба ДИИШ таи ҳафт соли ахир

Ҳазору 500 тоҷик таи ҳафт соли ахир ба гуруҳи террористии ДИИШ пайвастанд.

Ба нақл аз сомонаи радиои Созмони Миллали Муттаҳид, фақат таи шаш моҳи нахусти имсол дар шимоли шарқи Сурия наздик ба 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд боздошт шуданд.

Аз ин теъдод 524 шахс, ки бештари занон ва кудакон буданд ба кишвари худ Қазоқастон мунтақил шуданд. 156 нафар низ ба Узбакистон бозгаштанд ва 84 нафар аз фарзандони тоҷики кушташудаи узви гуруҳи террористии ДИИШ ба Тоҷикистон мунтақил шудаанд.

Дар гузориши коршиносони Созмони Миллали Муттаҳид таъкид шудааст, ки таблиғгарони ин созмони такфирӣ бо роҳандозии саҳифаҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба забони мардумони Осиёи Марказӣ заминаи ҷазби шаҳрвандони 5 ҷумҳурии ин минтақа ба сафҳои ДИИШ ва рафтани онон ба Сурия ва Ироқро фароҳам карданд.

Дар гузориши Созмони Миллали Муттаҳид  ба ин нукта низ ишора шудааст, ки теъдоде аз ҷангҷӯёни гуруҳи террористии ДИИШ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳануз ҳам дар минтақаҳои таҳти контроли ин гуруҳ ба ҷанг ва даргирӣ бо нерӯҳои артиши Сурия идома медиҳанд.

 

Барчасп