Август 10, 2019 10:39 Asia/Dushanbe
  • Дидгоҳи коршиносони тоҷик ба ҳодисаҳои ахири Қирғизистон

Боздошти Алмосбек Атамбоев раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон бо вокунишҳое дар Тоҷикистон рӯ ба рӯ шудааст.

Ба нақл аз расонаҳои тоҷикистон, Абудлғанӣ Муҳаммадазимов раиси анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон гуфтааст,ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ бояд қонун ҳоким гардад ва ҳама чиз барасоси қонун бошад.

Вай таъкид мекунад,ки боздошти раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон агар бар асоси қонун бошад,эроде надорад зеро ҳеҷ фарде наметавонад монофеъи ҳизбӣ ва гурӯҳии худро бар манофеъи молии кишвараш тарҷеҳ диҳад.

 Шокирҷон Ҳакимов ҳуқуқдони тоҷик муътақид аст,ки таҳавулоти ахир дар Қирғизистон метавонад натанҳо бар ҳаёти сиёсии ин кишвар балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таъсиргузор бошад.

Аммо нухбагони сиёсии ҳоким дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд аз ин ҳодиса дарси ибрат бигирианд,ки бартарии қонунро дар тамоми умури ҳукуматӣ ва мудирияти кишвар таъмин кунанд.

Онон бояд ин нуктаро дарк кунанд,ки мақомоти масул барои тахалуфе,ки дар замони мудирият доштаанд ҳатто пас аз рафтан аз  қудрат низ посухгӯи аъмоли хеш бошанд.

Сиёф Мизроб рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик мегуяд баъид аст,ки ҳодисаҳои ахири Қирғизистон ба кишварҳои ҳамсоя таъсир расонад зеро ин кишвар аз солҳо қабл гирифтори инқилобҳои рангӣ шуда ва дар он низоми сиёсии шикананда ҳоким мебошад,ки эҳтимоли вуқуъи ҳар иттифоқе вуҷуд дорад.

Додгоҳи шаҳри Бишкек пойтахти Қирғизистон, пас аз боздошти Алмосбек Атамбоев ҳукми ҳабси раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар дар зиндонро то 26 моҳи август ба иттиҳоми фасоди молӣ, содир кард.