Август 15, 2019 11:51 Asia/Dushanbe
  • Барканории муовини вазири дохилаи  Қирғизистон

Курсан Ҳасанов, муовини вазири дохилаи Қирғизистон ба иттиҳоми «хиёнат ба неруҳои амниятӣ» барканор шуд.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатоли ,дафтари матбуотии вазорати дохилаи  Қирғизистон дар баёнияе эълом кард: Курсан Ҳасанов ба иттиҳоми «хиёнат ба манофеъи нируҳои амниятӣ» дар ҷараёни боздошти Алмосбек Отомбоев, раисҷмҳури собиқи Қирғизистон барканор шудааст.

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст:Таҳқиқот дар бораи Отомбоев, ки Ҳасанов алайҳи манофеъи нируҳои амниятӣ ва эҷоди беэътимодӣ нисбат ба онҳо иқдом кардааст, идома дорад. Муҳаммадқулӣ Абилгазиев, нахуствазири Қирғизистон низ Ҳасановро ба далели риоят накардани дастуроти вазири дохила ихроҷ кардааст.

Ҳасанов дар ҷараёни боздошти Отомбоев ба нируҳои амниятӣ иҷозаи шумориши силоҳҳои кашфу забтшуда дар манзили маскунии вайро надода ва худ ба анҷоми ин амр пардохтааст.

Аз сӯи дигар Ҳасанов низ иттиҳомот алайҳи худро рад карда ва гуфтааст: Вазифаамро ба дурустӣ анҷом дода ва нафъи шахсии худро аз манофеъи давлат афзал надонистаам.