Тоҷикистон Қирғизистонро ба танишофаринии марзӣ муттаҳам кард
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i46162-Тоҷикистон_Қирғизистонро_ба_танишофаринии_марзӣ_муттаҳам_кард
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар паи ду низои ахир дар минтақаи марзии муштарак бо Қирғизистон тарафи қирғизиро ба идомаи сиёсати танишофаринӣ муттаҳам кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 25, 2019 08:33 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон Қирғизистонро ба танишофаринии марзӣ муттаҳам кард

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар паи ду низои ахир дар минтақаи марзии муштарак бо Қирғизистон тарафи қирғизиро ба идомаи сиёсати танишофаринӣ муттаҳам кард.

Ба нақл аз Спутник, дар ин баёния таъкид шудааст, ки бо вуҷуди тавофуқи ду кишвар дар заминаи парҳез аз ҳар нав сохту соз дар минтақаҳои мавриди ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд бархе аз мақомоти ҳукуматӣ ва ашхоси муғраз рӯзи 24 август даст ба иқдомоте заданд, ки муҷиби таҷаммуи сокинони рустоҳои марзӣ ва таниш миёни онон шудааст.

Ин баёния меафзояд, сокинони рустоҳои қирғизнишини худсарона дар як маврид дар марзи нишонагузорӣ нашудаи ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак даст ба сохти ду маркази сузишворӣ зада ва дар мавриди дуввум низ дар ноҳияи Ботканд дар наздикии рустои тоҷикнишини Хоҷа Аъло сохти ҷоддаи наверо оғоз кардаанд, ки ҳар ду маврид заминаи таниш бо тоҷиконро фароҳам кард.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо баршумордани ин мавридҳо аз тарафи Қирғизистон даъват кардааст, ки ба тавофуқоти дуҷониба дар заминаи парҳез аз танишофаринӣ дар минтақаҳои марзӣ нишонагузорӣ нашуда пойбанд бошад.

Тоҷикистон танҳо роҳи ҳалли ин мушкилро музокира дониста ва таъкид кардааст ҳар навъ фишор барои тасарруфи худсаронаи минтақаҳои мавриди ихтилофи ду кишвар аз сӯи Қирғизистон роҳ ба ҷое нахоҳад бурд ва танҳо муҷиби эҷоди даргирӣ ва таниш дар марзи муштарак хоҳад шуд.

Бо вуҷуди музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои нишонагузории марзи муштараки 720 километрии ду кишвар дар 25 соли ахир танҳо бар сари таъини 520 километр аз хутути марзии ин ду ҷумҳурии ҳамсоя тавофуқ шудааст.