Кушоиши намоишгоҳи колоҳҳои Туркманистон дар Машҳад
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i46180-Кушоиши_намоишгоҳи_колоҳҳои_Туркманистон_дар_Машҳад
Намоишгоҳи ихтисосии колоҳҳои Туркманистон дар Машҳад- шимол шарқи Эрон- ифтитоҳ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 26, 2019 10:08 Asia/Dushanbe
  • Кушоиши намоишгоҳи колоҳҳои Туркманистон дар Машҳад

Намоишгоҳи ихтисосии колоҳҳои Туркманистон дар Машҳад- шимол шарқи Эрон- ифтитоҳ шуд.

Ба нақл аз ИРНА, дар ин намоишгоҳи се рӯза тавлидоти мухталифи Туркманистон назири санойеъи нафт, газ,бензин, маҳсулоти сохтмонӣ,санойеъи табдилии кишоварзӣ, домпарварӣ, маҳсулоти лабанӣ,санойеъи пластикӣ, мебел ва декаратсиюн,созаҳои гулхонаӣ, санойеъи дастӣ ва фарҳангӣ ва хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ироа шудааст.

Аҳмад Қурбонов сафири Туркманистон дар Эрон якшанбе шаб дар маросими кушоиши ин намоишгоҳ бо баёни ин,ки Эрон аз авлавиятҳои Туркманистон дар тавсиъаи робитаҳои иқтисодӣ аст гуфт; баргузории ин намоишгоҳ гоми муҳиме барои тавсиъаи ҳамкории дуҷониба аст.

Алиризо Разм Ҳусейнӣ устондори Хуросони Разавии Эрон ҳам дар паёме ба намоишгоҳи ихтисосии колоҳои Туркманистон дар Машҳад таъкид кард; робитаҳои Эрон ва Туркманистон решаи таърихӣ ва куҳане дорад ва аз қарнҳо қабл робитаҳои фарҳангӣ ва иқтисодии байни ду кишвар вуҷуд дошта,ки баъд аз истиқлоли Туркманистон афзоиш ёфтааст.

Разм Ҳусейнӣ бо ишора ба монеъаҳои мавҷуд дар густариши робитаҳои Эрон ва Туркманистон тасриҳ кард ; бо азм ва иродаи сиёси ин мушкилот қобили ҳал аст.