Баргузории ҳамоиши байналмилалии ҳифзи мероси фарҳангӣ дар Самарқанд бо ҳузури Эрон
(last modified Mon, 26 Aug 2019 12:21:38 GMT )
Август 26, 2019 17:21 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши байналмилалии ҳифзи мероси фарҳангӣ дар Самарқанд бо ҳузури Эрон

Ҳамоиши байналмилалии “ҳифзи мероси фарҳангӣ” бо ҳузури намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд.

Ҳамоиши байналмилалии “ҳифзи мероси фарҳангӣ” бо ҳузури Удри Эзулай, мудири кулли Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО), Абдуллоҳ Орифов, нахуствазири Узбакистон ва ҳамчунин намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд.

Ба гузориши “Форс”, нахуствазири Узбакистон дар маросими ифтитоҳияи ин ҳамоиши байналмилалӣ гуфт, ин кишвар ба тавсеа ва таҳким гуфтугӯҳои байнифарҳангӣ ва тақвияти ҳунар таваҷҷуҳи хосе дорад.

Орифав афзуд, дар солҳои ахир дар Узбакистон барои таблиғи фарҳанги ғанӣ иқдомоти бисёре анҷом ва марокизи илмии зиёде эҷод шудааст.

Вай таъкид кард, ин ҳамоиш низ ба омӯзиши мероси моддӣ ва ғайримоддии Узбакистон, тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои фарҳангии ин кишвар бо кишварҳои хориҷӣ, ба хусус бо Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) кумак мекунад.

Удри Эзулай, мудири кулли ЮНЕСКО низ дар ин ҳамоиш зимни суханронӣ аз талошҳои Узбакистон дар заминаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ёд кард ва таъкид намуд, ки созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид низ бо ин кишвар дар ин замина аз наздик ҳамкорӣ мекунад.

Вай муҷаддадан таъкид кард, Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии СММ аз эҷоди институти байналмилалии Мирзо Улуғбек дар Самарқанд барои тақвияти таҳаммулпазирии динӣ ва ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва ҳамчунин таъсиси шуъбаи ЮНЕСКО дар Донишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ дар Самарқанд истиқбол мекунад.