Сентябр 01, 2019 09:46 Asia/Dushanbe
  • Муноқишаи тоза дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Муноқишаи тоза миёни сокинони рустоҳои навоҳии Исфара ва Ботканд дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон бо тирпаронии ҳавои марзбонони қирғизӣ ба поён расид.

Ба нақл аз сомонаи қирғизии Аки Пресс, нерӯи марзбонии Қирғизистон дар  баёнияе эълом кардааст, ки субҳи рӯзи шанбе 31 август тарафи Тоҷикистон дар 200 метр аз роҳи байни рустои қирғизии Оқсой ва рустои тоҷикии Ворух дар минтақаи марзии мавриди ихтилофи ду кишвар иқдом ба рехтани асфалт кард, ки бо эътирози қирғизҳо ру ба ру шуд.

Бо ин ҳол сокинони рустои тоҷикнишин бидуни таваҷҷуҳ ба ин эътирозот ба кори худ идома доданд.

Нерӯи марзбонии Қирғизистон дар ин баёния таъкид кардааст, ки марзбонони ин кишвар ба иллати таҷаммуи сокинони рустоҳои марзӣ ва имкони вуқуи даргирӣ бо тирпаронии ҳавоӣ аз даргирӣ пешгирӣ карданд.

Ҳамакнун мақомоти масъули ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон дар ҳоли баррасии ин мавзӯъ ҳастанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 978 километр марзи муштарак доранд, ки фақат ҳудуди 520 километр аз он таин ва нишонагузорӣ шудааст.

Дар минтақаҳои нишонагузоринашудаи марзи ду кишвар ба вижа дар ноҳияҳои марзии вилоятҳои Суғд ва Ботканд борҳо бар сари манобеи об, роҳҳои иртиботӣ ва чарогоҳҳо даргирӣ эҷод шуда ва ҳатто чандин нафар ҳам дар ин муноқишаҳо кушта шудаанд.

Барчасп