Сентябр 01, 2019 13:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории амниятии Қирғизистону Чин

Вазорати кишвари Қирғизистон аз ҳамкории амниятӣ бо як ширкати давлатии Чин хабар дод.

Вазорати кишвари Қирғизистон бо ширкати давлатии амниятии Чин мавсум ба CEIEC дар заминаи таъмини амният дар он кишвар ҳамкорӣ мекунад. Муқаррар шудааст, ки Вазорати кишвари Қирғизистон ва ширкати CEIEC дар заминаи фаъолсозии сомонаи рақамӣ ба манзури назорат бар амнияти  шаҳрҳо аз тариқи дурбинҳои ҳушманд ҳамкорӣ кунанд.

Ҳамкориҳои амниятии Чин бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, бавижа Тоҷикистону Қирғизистон аз аҳамияти зиёде барои ин кишвар ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бархурдор аст. Бояд гуфт, қарордоди ҳамкории амниятии Вазорати кишвари Қирғизистон бо як ширкати чинӣ дар ҳоле имзо шудааст, ки давлати Чин дар ростои бархе мулоҳизоти низомӣ ва амниятӣ назири ҳузури густурдаи ҷараёни террористии ДИИШ дар марзҳои Афғонистон бо ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қарғизистон бо ҳазинаҳои давлати Пекин ба эҷоди чандин мақарҳои дидбонӣ дар марзҳои ду кишвари Осиёи Марказӣ бо Афғонистон иқдом кардааст. Бадеҳист, ки давлати Пекин аз эҳдоси бурҷҳои дидбонӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон аҳдофи мушаххасеро дунбол мекунад, ки муқобила бо нуфузи ҷараёнҳои ифротӣ танҳо яке аз ин аҳдоф аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеиятҳо бояд гуфт, ҳамкориҳои амниятии Қирғизистону Чин дар шароите дар дастури кори Бишкеку Пекин қарор гирифтааст, ки фазои зиддичинӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, бавижа Қирғизистон густариши бесобиқае ёфтааст. Шакке нест, ки бархе қудратҳои хориҷ аз минтақа, назири Амрико ва режими ишғолгари Қудс ба манзури нуфуз дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз роҳе ҷуз эҷоди фазои ошуфта, нооромӣ ва эҷоди даргирӣ ва таниш надоранд. Дар воқеъ, ин қудратҳо бидуни эҷоди даргириҳои мухталифи дохилӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон наметавонанд аҳдофи худро муҳаққақ созанд. Ба унвони мисол, дар ростои эҷоди фазои зиддичинӣ дар Қарғизистон авоили моҳи ҷории милодӣ ҳудуди 500 тан аз сакинони минтақаи Султон Сарии вилояти Норини Қирғизистон ба кормандони ширкати чинӣ дар маъдани тилои ин минтақа юриш бурданд. Дар натиҷаи ин рӯйдоди барномарезишуда 20 чини маҷрӯҳ шуданд ва ҳамлакунандагон бархе аз таҷҳизоти маъдан, аз ҷумла мошинҳои боркашро тасарруф карданд. Як моҳ пеш аз он шоеоте дар миёни сокинони устони Норин густариш ёфт, ки бар асоси он мавзӯи афзоиши маргумири гӯсфандҳо ва бемории кӯдакон ба фаъолиятҳои маъдани тилои Норин муртабит гардид. Бо вуҷуд ин дар пайи озмоишҳои мутааддид мушаххас шуд, ки миёни фаъолиятҳои ин маъдан ва бемории кӯдакон ва маргумири гӯсфандҳо иртиботе вуҷуд надорад. Ба рағми эъломи натиҷаи озмоишҳо сокинони минтақа ин озмоишҳоро нодуруст хонда ва бовар накарданд. Дар заминаи ҳамкориҳои давлати Чин бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон Фикрат Шаъбонов, коршиноси масоили сиёсии Қирғизистон ахиран дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Форс” дар Бишкек бо ишора ба таҳаррукоти зиддичинӣ дар Осиёи Марказӣ  гуфт: "Густариши чинҳаросӣ дар Осиёи Марказӣ бо истифода аз бузургнамоии мушкилоти мавҷуд тавассути руқабои давлати Пекин сурат мегирад". Ин коршиноси қирғиз ҳамчунин тасреҳ кард: "Таҳаввулоти ахир, аз ҷумла ҳамла ба коркунони ширкати чинӣ дар Қирғизистон як иттифоқи ҷузъӣ нест ва дар чорчӯби барномаи руқабои Чин ба манзури ҷилавгирӣ аз рушди нуфузи ин кишвар дар Қирғизистон анҷом шудааст". Ин коршиноси қирғиз номе аз кишвари мутахосим бо Чину рақиби ин кишвар зикр накард, аммо аз изҳороти ин коршиноси барҷаста чунин бармеояд, ки Амрико дар раъси кишварҳое қарор дорад, ки ба манзури мамонеат аз нуфузи Чин дар Қирғизистон ба ҳар иқдоме даст мезананд.

Дар маҷмӯъ бояд гуфт, раванди рақобатҳои Ғарб бо қудратҳои осиёие назири Чин дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз ҳошия ба матн мунтақилшуда ва баид аст, ки сукути тарафи муқобил идома пайдо кунад.