Сентябр 03, 2019 13:08 Asia/Dushanbe
  • Барпоии таҷаммуъҳои зиддичинӣ дар Қазоқистон

Беш аз 100 нафар аз сокинини минтақаи Ҷони Озен-и вилояти Мангиз Сао-и Қазоқистон таҷаммуи зиддичинӣ баргузор карданд.

Ба нақл аз Форс, сокинони ин минтақа нисбат ба афзоиши коргарони чинӣ дар Қазоқистон ибрози нигаронӣ карданд.

Ба гуфтаи муътаризин, Чин таъсиси 55 корхонаи нав дар Қазоқистонро ҳадафгузорӣ карда, ки ҳамроҳ бо ин иқдом 55 миллион шаҳрванди ин кишвар ба хоки қазоқ ворид хоҳанд шуд ва амнияти миллиро таҳдид мекунанд.

Дар маҳалли ин таҷаммуот ситоди ниҳодҳои давлатӣ барои табодули сариъи иттилооти мустақар ва мақомоти интизомӣ дар Ҷони Озен ҳузур доранд.

Арҷон Каширбоев муовини вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар вокуниш ба ин ҳодиса изҳор дошт, ахбори шабакаҳои иҷтимоӣ дар иртибот бо таъсиси 55 корхонаи чинӣ ғайривоқеӣ аст ва давлат бар ин проса назорати комил дорад.

Иттилооти қобили эътимоди дигаре дар бораи тақозои муътариин дар ҳоли ҳозир мавҷуд нест, аммо бар асоси ахбори шабакаҳои иҷтимоӣ муътаризин хостори бекор кардани сафари Қосим Токаев раиси ҷумҳури Қазоқистон ба ин минтақа шуданд.

Барчасп