Сентябр 04, 2019 18:13 Asia/Dushanbe
  • Таҳаввул дар Хадамоти амнияти миллии Узбакистон

Хадамоти амнияти миллии Узбакистон дигаргун мешавад.

Ба гузориши ИРНА, беш аз 25 сол Хадамоти амнияти миллии Узбакистон мардуми ин кишварро бо тарсу ваҳшат мувоҷеҳ сохта буд. Се соли пеш, замоне, ки Шавкат Мирзиёев ба раёсати ҷумҳурии Узбакистон интихоб шуд, на танҳо тавоноии қудрати ин ниҳодро зери назар гирифт, балки фаъолиятҳо ва иқдомоти онҳоро низ мавриди интиқод қарор дод. Вай ҳамчунин бар зарурати анҷоми ислоҳот дар Хадамоти амнияти миллӣ ва поён додан ба иқдомоти хушунатомез дар фаъолияти нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ таъкид кард.

Дар ҳоли ҳозир ниҳоде ба номи Горди миллӣ ҷойгузини ин ниҳод шудааст. Мардум аз сарнагунии Хадамоти амнияти миллӣ хушҳол ҳастанд.

Ҳоло нуфузи Хадамоти Горди миллӣ дар бисёре аз бахшҳои ин кишвар афзоиш ёфтааст ва ба зудӣ метавонад ба як созмони қудратманд аз Хадамоти амнияти миллии Узбакистон табдил гардад.

Сервиси амнияти миллии Узбакистон, ки солҳо дар даврони раисҷумҳурии қабли муҷиби тарсу ваҳшати мардуми ин кишвар шуда буд, бо интихоби раисҷумҳури ҷадид, ислоҳоте дар ҷиҳати беҳбуди шароит ва вазъияти ин ниҳод ва ҳамчунин густариши вазоифи он сурат гирифтааст.

Хадамоти амнияти миллии Узбакистон дар соли 1992 ташкил шуд ва ҷузъе аз нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар буд ва вазифаи аслии он ҳифозат аз афроди муҳим буд.

Мирзиёев моҳи августи соли 2017 фармоне дар хусуси ин ки ки хадамоти амнияти миллии ин кишвар аз нерӯҳои мусаллаҳи Узбакистон ҷудо шавад, содир кард. Ҳоло Горди миллӣ вазифаи ҳифзи амнияти ин кишварро ба ӯҳда дорад ва дар амалиёти пешгирӣ аз терроризм ва ифротгароӣ ҳам ширкат мекунад. Дар воқеъ аз он замон то ҳоло дастуруламалҳо, мусаввабот ва ислоҳот дар ойинномаҳои ҷиноӣ ва идории вазифаи худро густариш додааст.

Аммо вазоифи Горди миллӣ ба инҳо хатм намешавад. Ин ниҳод дар таъмини тамомияти арзӣ ва дифои кишвар низ ҳузур дорад ва бар воридоту содирот, хариду нигаҳдории силоҳ низ назорат мекунад. Шумори кормандони ин ниҳод низ аз чанд соли пеш то кунун ба беш аз ҳазорон нафар расидааст.

Пас аз ислоҳот дар ойини додрасии ҷиноӣ, ки моҳи июли соли ҷории мелодӣ анҷом шуд, Хадамоти амнияти миллӣ метавонад таҳқиқоте пеш аз ваъда анҷом диҳад, афродро боздошт ва онҳоро ба як шуъба аз ниҳоди Хадамоти амният бурда ва дар онҷо нигаҳдорӣ кунад.