Сентябр 04, 2019 19:05 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти тоҷик ва қазоқ бар афзоиши таомулоти иқтисодӣ

Мақомоти тоҷик ва қазоқ бар афзоиши таомулоти иқтисодӣ таъкид карданд.

Ба гузориши “Форс”, Аскар Тоҷибоев, сафири Қазоқистон дар Душанбе ва Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон дар дидоре иртибототи иқтисодии 2 кишварро баррасӣ ва бар рушди тиҷорат миёни Душанбе ва Нурсултон таъкид карданд.

Тарафайн дар ин дидор масоили муҳими марбут ба равобити дуҷониба дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар чорчӯби иҷрои тавофуқоти ба дастомада дар ҷараёни сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Нурсултон дар моҳи марти соли гузаштаи мелодӣ, сафари кории раисҷумҳури Қазоқистон ба Душанбе дар июн ва боздиди расмии нахуствазири ин кишвар аз Тоҷикистон дар июли соли ҷории мелодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ду тараф ҳамчунин аз тавсеаи тадриҷии тиҷорати мутақобил миёни 2 кишвар ибрози ризоят карда ва ба зарфияти мавҷуди Тоҷикистон ва Қазоқистон барои густариши бештари ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ ишора намуданд.

Дар поёни ин дидор сафири Қазоқистон бо ташаккур аз муовини нахуствазири Тоҷикистон барои ин дидор, омодагии худро барои ҳамкории самарбахш ҷиҳати тақвияти равобит миёни 2 кишвар дар рӯҳияи мушорикати стратегиро эълом дошт.

 

Барчасп