Сентябр 05, 2019 10:50 Asia/Dushanbe
  • Содироти 72 миллион метри мукааб гази Узбакистон ба Тоҷикистон

Тайи ҳафт моҳи соли ҷорӣ Узбакистон 72 миллион метри мукааб газ ба Тоҷикистон содир кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, қимати ин мизон гази содиротии Узбакистон ба Тоҷикистон 9 миллиону 82 ҳазор доллар эълом шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз воридоти 54 миллион метри мукааб газ аз Узбакистон тайи ҳашт моҳи соли 2018 хабар додааст. Содироти гази Узбакистон ба Тоҷикистон пас аз шаш соли вақфа, дар моҳи апрели соли 2018 азсар гирифта шуд.

Дар ҳоли ҳозир гази воридотии Узбакистонро корхонаҳои санъатии Тоҷикистон, аз ҷумла ширкати алюминиюми ин кишвар (80 дарсад ) истифода мекунанд. Мақомоти ширкати интиқоли гази Тоҷикистон (Тоҷиктрансгаз) мегӯянд, ки тайи шаш соле, ки содирот газ Узбакистон ба Тоҷикистон қатъ шуда буд, хутут лӯлаҳо ва таъсисот зербинои кӯҳна ва фарсуда шуда ва ниёз ба тармим ва бозсози дорад, ки ба ин далел замина истифода бахш хонагӣ азоин газ фароҳам нест.

Ба ғайр аз ширкати алюминиюми Тоҷикистон теъдоде аз корхонаҳои санъатии ин кишвар, ки дар ғарби шаҳри Душанбе ва дар наздикии марзи Узбакистон воқеъ шудаанд, аз гази содиротии кишвари ҳамсоя истифода мекунанд.

 

 

 

 

 

Барчасп