Баргузории размоиши муштараки низомиёни тоҷику ӯзбак дар Узбакистон
(last modified Sat, 07 Sep 2019 12:50:06 GMT )
Сентябр 07, 2019 17:50 Asia/Dushanbe
  • Баргузории размоиши муштараки низомиёни тоҷику ӯзбак дар Узбакистон

Вазорати дифои Тоҷикистон аз баргузории размоиши муштараки зидди террористии низомиёни тоҷик ва ӯзбак дар нимаи дувуми моҳи ҷории мелодӣ дар қаламрави Узбакистон хабар дод.

Ориф Нозимиён, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон аз баргузории размоиши муштараки зиддитеррористии низомиёни тоҷику ӯзбак дар қаламрави Узбакистон хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, ба гуфтаи вай, низомиёни тоҷику ӯзбак дар чорчӯби ин размоиши муштарак, ки рӯзҳои 16 то 21 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Намангони Узбакистон баргузор мешавад, равишҳои муқобила бо гурӯҳҳои террористиро таҷриба мекунанд.

Нозимиён афзуд, дар ин размоиши зиддитеррористӣ нерӯҳои зудамали заминӣ ва зиддиҳавоии ҳар 2 кишвар ширкат хоҳанд кард. Вай гуфт, марҳалаи аввали ин размоиши низомӣ бо ҳадафи аз байн бурдани гурӯҳҳои террористӣ баргузор мешавад ва нерӯҳои 2 кишвар дар чорчӯби он ҳамлаи гурӯҳҳои террористӣ аз тариқи замин ва ҳаворо дафъ мекунанд.

Бинобар гузориши расонаҳои Узбакистон, дар ин размоиши муштараки зиддитеррористӣ 200 афсари тоҷик ширкат мекунанд.

Тибқи гузориши Вазорати дифои Узбакистон, дар марҳалаи аввали ин размоиши зиддитеррористӣ нерӯҳои мусаллаҳи 2 кишвар масоили марбут ба ҳифзи сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ, омодагии нерӯҳои мусаллаҳи 2 кишвар барои муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва ифротгароӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Қарор аст марҳалаи дувуми ин размоиши муштараки зиддитеррористии Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Оренбурги Русия таҳти унвони “Марказ -2019” баргузор шавад. Дар як соли ахир ин дувумин размоиши муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Узбакистон мебошад.