Сентябр 09, 2019 18:50 Asia/Dushanbe
  • Тасвиб шудани қонуни таъмини амнияти фазои маҷозии Туркманистон

Раисҷумҳури Туркманистон қонуни ҷадиди марбут ба таъмини амният дар фазои маҷозӣ ва зерсохтҳои иттилоотии ин кишварро имзо кард.

Ба гузориши “Форс”, ин қонун дар нишасти Шӯрои амнияти Туркманистон бо ҳузури раисҷумҳур, вазири амнияти миллӣ ва раиси Шӯрои амният ва бархе аз мақомоти аршади ин кишвар муаррифӣ шуд.

Ба гуфтаи вазири амнияти миллӣ, ҳадафи қонуни ҷадид таъмини амнияти фазои маҷозии Туркманистон аст, илова бар ин роҳкорҳое барои дифоъ аз зерсохтҳои иттилоотии корхонаҳои санъатӣ ва муассисаҳои давлатӣ таъйин шудааст.

Вай гуфт, тамом муассисаҳо бо сармояи давлат аз бонкҳои иттилоотии низомӣ то сомонаҳои мудирияти давлатӣ таҳт пӯшиши қонуни ҷадид қарор мегиранд.

Ба навбати худ Қурбонқули Бердимуҳаммадов дар ин дидор изҳор дошт, иқдомоти таъмини амният дар фазои маҷозӣ бамавқеъ тарроҳӣ шуд ва аз он барои дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандони Туркманистон истифода мешавад.

Дар поёни ҷаласа раисҷумҳур қонуни ҷадидро имзо кард ва ба вазири амнияти миллӣ дастуроти лозимро содир кард.