Сентябр 11, 2019 15:41 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои парлумонӣ - меҳвари музокироти мақомоти Узбакистон ва Чин

Намояндагони Кунгураи миллии халқи Чин дар шаҳри Тошканд бо муовини аввали раиси Маҷлиси санои Узбакистон дидор ва густариши беш аз пеши ҳамкориҳои парлумониро баррасӣ карданд.

Ба гузориши “Форс”, дар ин дидор раёсати ҳайати намояндагони Кунгураи миллии халқи Чинро Ли Чун Шин, муовини раиси Кумитаи кишоварзӣ ва кор дар рустоҳо бар ӯҳда дошт.

Тарафайн дар ин дидор густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил байни созмонҳои парлумонии Узбакистон ва Чинро баррасӣ карданд.

Тарафайн таъкид карданд, ки равобити байни 2 кишвар ҷанбаи дӯстона ва мутақобилан судманд дорад.

Ҳамчунин намояндагони ду тараф дар ин дидорҳо дар мавриди ташдиди ҳамкориҳои мутақобили парлумонӣ дар сатҳи кумитаҳои тахассусии намояндагони Кунгураи миллии халқи Чин ва Маҷлиси санои Узбакистон ба тавофуқ расиданд.

Кумитаи кишоварзӣ ва кор дар рустоҳои Чин ба ҳамкорони ӯзбакаш дар заминаи танзими асноди қонунӣ дар хусуси тавсеаи бахши кишоварзӣ кумак мекунад.

Ҳамакнун Чин бузургтарин ҳамкори иқтисодӣ ва бозаргонии Узбакистон мебошад.

Мубодилоти бозаргонии Узбакистон дар соли 2018 –и мелодӣ дар сатҳи 6 миллиарду 400 миллион доллар қарор гирифтааст.

Ҳаҷми сармоягузориҳо ва вомҳои чинии ҷазбшуда ба иқтисоди Узбакистон аз сатҳи 8 миллиард доллар фаротар рафтааст.

Ҳамакнун дар Узбакистон беш аз 700 ширкат бо сармояи сармоягузорони чинӣ, аз ҷумла беш аз 80 ширкат бо 100 дарсад сармояи сармоягузорони чинӣ дар заминаҳои мухталифи иқтисоди ин кишвар фаъолият мекунанд.

Ҷумҳурии халқи Чин истиқлоли Узбакистонро дар таърихи 27 декабри соли 1991 –и мелодӣ ба расмият шинохта ва дар таърихи 2 январи соли 1992 –и мелодӣ равобити дипломатӣ барқарор кардааст.

 

Барчасп