Сентябр 11, 2019 19:38 Asia/Dushanbe
  • Дидори намояндагони “Салиби Сурх” бо вазири хориҷаи Узбакистон

Намояндагони “Салиби Сурх” бо вазири хориҷаи Узбакистон дидор кард.

Ба гузориши “Форс”, намояндагони Кумитаи байналмилалии “Салиби Сурх” ба сарпарастии Мартин Шивп, мудири идораи минтақаии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд бо Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон дидору гуфтугӯ кард.

Тарафайн дар ин дидор густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаҳои қавонини ҳуқуқи байналмилалӣ, афзоиши маҳорати кормандони нерӯҳои интизомӣ ва дифоӣ ва ҳавзаи беҳдоштиро баррасӣ карданд.

Дар ин дидор таъкид шуд, ки Узбакистон раванди тавсеаи равобит бо Кумитаи байналмилалии “Салиби Сурх” -ро мусбат арзёбӣ мекунад.

Дар соли гузаштаи мелодӣ тарафайн биступанҷумин солгарди имзои қарордод байни давлати Узбакистон ва Кумитаи байналмилалии “Салиби Сурх” дар мавриди мақоми Кумитаи байналмилалии “Салиби Сурх” ва намояндагии минтақаии он дар қаламрави Узбакистонро ҷашн гирифтанд.

Жан Жирум Касабянко, раиси намояндагии минтақаии Кумитаи байналмилалии “Салиби Сурх” дар Тошканд низ дар ин дидор ҳузур пайдо кард.