Таъкиди Қазоқистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бар тавсеаи бештари равобити дуҷониба
Вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар чорчӯби сафари худ ба Иморот, бо вазири умури хориҷаи ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши “Форс”, Бейбут Отамқулов, вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар чорчӯби сафари худ ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо шайх Мансур ибни Зайд оли Наҳён, муовини нахуствазир ва Абдуллоҳ ибни Зайд оли Наҳён, вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор кард.
Дар ин дидор вазири хориҷаи Қазоқистон ва муовини нахуствазири Иморот ба рӯҳияи мушорикати беназири 2 кишвар ва ҳамчунин сатҳи болои таомулоти дуҷониба ишора ва изҳор доштанд, дар 27 соли барқарории муносиботи дипломатӣ миёни 2 кишвар иртибототи Қазоқистон ва Иморот дар ҳавзаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳанг ва инсонӣ ба таври пӯё рӯ ба тавсеа аст.
Отамқулов Иморотро яке аз шарикони калидии Қазоқистон дар Ховари Миёна унвон кард ва гуфт: “Мо омода ҳастем то ба таври фаъол рӯйи мутанаввеъсозии муносиботи дуҷонибаи худ бо ин кишвар кор кунем”.
Вай бо ишора ба муҳимтарин равандҳои сиёсии дохилӣ дар Қазоқистон гуфт, ин кишвар монанди қабл барои густариш ва тақвияти равобити дӯстона ва бо эътимод бо Иморот талош хоҳад кард.
Шайх Мансур ибни Зайд оли Наҳён низ ба навбати худ гуфт, равобити кишвараш бо Қазоқистон аз моҳияти хосе бархурдор аст ва мо набояд дар чорчӯби равобити феълии худ маҳдуд шавем, балки бояд равобит миёни 2 кишварро дар як сатҳи кайфии ҷадид қарор диҳем, зеро тамоми фурсатҳои лозим барои иҷрои ин амрро дар ихтиёр дорем.
Дар ин дидор таъкид шуд, ки муҷтамаи чандманзураи “Абудаби плаза” дар шаҳри Нурсултон намунаи муваффақе аз ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва намоде аз равобити бародарона байни Қазоқистон ва Иморот мебошад.
Тарафайн бо баёни ин ки байни солҳои 2005 то 2019 –и мелодӣ мизони нохолиси сармоягузории мустақими Иморот дар Қазоқистон 2.1 миллиард долларро ташкил дода, изҳор доштанд, ин шохис бо патенсиали мавҷуди 2 кишвар мутобиқат надорад.