Имзои қонуни истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ дар Узбакистон
(last modified Thu, 12 Sep 2019 08:34:55 GMT )
Сентябр 12, 2019 13:34 Asia/Dushanbe
  • Имзои қонуни истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ дар Узбакистон

Раисҷумҳури Узбакистон қонуни истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаиро пас аз таъйиди парлумони ин кишвар имзо кард.

Ба гузориши “Форс”, Шавкати Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон қонуни истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаиро пас аз таъйиди парлумони ин кишвар имзо кард.

Пештар ин қонунро маҷлиси олӣ ва 23 август маҷлиси санои Узбакистон ба тасвиб расонда буданд.

Ин қонун эҷоди усули ҳуқуқӣ барои фаъолияти ниҳодҳо ва системаи таъмини баҳрабардории сулҳомез аз энержии ҳастаӣ, ворид кардан ба қонуни механизмҳои таъмини амнияти шаҳрвандон ва афроди ҳуқуқӣ дар замони истифода аз энержии ҳастаиро дар назар дорад.

Ин қонун ҳамчунин мафоҳими аслӣ дар заминаи ҳастаӣ, аз ҷумла зоъеоти ҳастаӣ, маҳалли нигаҳдории онҳо, дастгоҳҳову сӯхти ҳастаиро низ ташхис медиҳад.

Ҷолиб ин ҷост, ки ба шаҳрвандони Узбакистон иҷоза доданд, ки аз дастгоҳҳои ҳастаӣ боздид ва ҳамчунин аз созмонҳои давлатӣ дар мавриди эминии дастгоҳҳои ҳастаӣ гузоришоте дарёфт кунанд.

Барномарезӣ мешавад то поёни соли ҷории мелодӣ корҳои марбут ба сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Узбакистон ба итмом расад.

Дар ин миён сохти нерӯгоҳ дар соли 2022 –и мелодӣ оғоз мешавад ва ин тарҳ бо ҳазинаи Узбакистон ва воми давлатии Русия таъмини молӣ хоҳад шуд.

Ин нерӯгоҳ шомили 2 блоки рӯзи насли 3+ВВЭР-1200 мебошад.

Блоки аввал то соли 2028 –и мелодӣ ба баҳрабардорӣ мерасад.

Дар натиҷаи роҳандозии ин нерӯгоҳ 3 миллиарду 700 миллион метри мукааб газ сарфаҷӯӣ хоҳад шуд.