Сентябр 12, 2019 15:54 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти 70 шаҳрванди қирғиз аз Ироқ ба Қирғизистон

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон аз барномаи бозгашти 70 шаҳрванди қирғиз аз Ироқ ба ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Чингиз Айдарбеков, вазири умури хориҷаи Қирғизистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, барномаи бозгашти 70 шаҳрванди қирғиз аз Ироқ омода шудааст. Вай гуфт, дар ин тарҳ мо бо мушкилоти фаровоне мувоҷиҳ шудем, аммо ҳамчунон ба талошҳои худ идома медиҳем.

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон тасреҳ кард, давлат барои дифо аз ҳуқуқи шаҳрвандони қирғиз дар хориҷ аз кишвар, таваҷҷуҳи зиёде ироа мекунад.

Ин мақом хотирнишон кард, дар воқеъ ба ғайр аз интиқоли онон ба Қирғизистон масоили дигаре ҳам матраҳ аст, ки дар ин барнома равишҳои бозгашти онон ба иҷтимоъ низ дар назар гирифта шудааст.

Ҳайдарбеков гуфт, ба зуддӣ ҳайате шомили мақомоти давлатӣ ба Ироқ сафар мекунанд ва онҷо ба гуфтугӯ бо шаҳрвандони қирғиз мепардозанд, то онон иҷозаи бозгашти фарзандони худ ба ватанро бидиҳанд.

Вай идома дод, дар ҳоли ҳозир бозгашти шаҳрвандони Қирғизистон аз Сурия бо таваҷҷуҳ ба инки бархе манотиқи таҳти назорати давлати ин кишвар нест, мумкин намебошад ва музокирот бо давлати Сурия идома дорад.