Сентябр 13, 2019 16:09 Asia/Dushanbe
  • Вазъият дар марзҳои Қирғизистон ва Узбакистон ором аст

Сервиси марзии Қирғизистон дар вокуниш ба густариши ахборе дар мавриди вуҷуди таҷҳизоти низомӣ дар наздикии марзҳо бо Узбакистон, вазъият дар ин минтақаро ором эълом кард.

Сервиси марзии Ҷумҳурии Қирғизистон дар вокуниш ба интишори иттилоот дар бораи вуҷуди таҷҳизоти низомӣ дар марзҳои муштарак бо Узбакистон баёнияи расмӣ мунташир кард.

Бар асоси гузориши сервиси марзии Ҷумҳурии Қирғизистон вазъият дар марзҳо собит аст.

Ба нақл аз Форс, дар ин баёния ормадааст: Дар марзҳои минтақаи Оши Қирғизистон ва Узбакистон низомиёни узбак ба сохти ҷодда пардохтанд.

Марзҳои ду кишвар дар инмитақа аломатгузорӣ шудааст.

Бар хилофи иттилооти гусатиршёфта таҷҳизоти низомӣ дар ин минтақа қарор надорад ва дар амалиёти зикршуда давлати Узбакиситон танҳо аз мошинҳои борбар ва дигар таҷҳизоти муртабит истифода мекунад.