Вуҷуди беш аз 2 миллион бознишаста дар Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i46773-Вуҷуди_беш_аз_2_миллион_бознишаста_дар_Қазоқистон
Маркази матбуотии Вазорати кори Қазоқистон теъдоди афроди бознишаста дар ин кишварро беш аз 2 миллион нафар эълом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 16, 2019 06:52 Asia/Dushanbe
  • Вуҷуди беш аз 2 миллион бознишаста дар Қазоқистон

Маркази матбуотии Вазорати кори Қазоқистон теъдоди афроди бознишаста дар ин кишварро беш аз 2 миллион нафар эълом кард.

Ба гузориши “Форс”, то аввали сентябри соли 2019 –и мелодӣ теъдоди афроди бознишаста дар Қазоқистон 2 миллиону 190 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Миёнгини мизони нафақаи бознишастагӣ дар Қазоқистон дар аввали сентябри соли ҷории мелодӣ 85.679 ҳазор танга - муодили ҳудуди 221.5 доллар баровард шуда, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта 5.5 дарсад бештар аст.

Ҷамъияти Қазоқистон дар аввали моҳи июли соли ҷории мелодӣ 18.5 миллион нафар буда ва интизор меравад ин шохис то поёни соли ҷории мелодӣ то 18 миллиону 896 ҳазор афзоиш ёбад.