Сентябр 18, 2019 09:21 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи парлумонӣ байни Узбакистон ва Русия

Қарордоди ҳамкории парлумонии Маҷлисҳои Узбакистон ва Русия дар чорчӯби сафари Вячеслав Володин, раиси Маҷлиси Думаи ин кишвар ба Тошканд имзо шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ин санади ҳамкорӣ бар таҳкими равобит байни Русия ва Узбакистон дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ ва сиёсӣ таъкид дорад.

Раиси Маҷлиси Думаи Русия ҳамчунин рӯзи сешанбе бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Русия яке аз бузургтарин шуракои иқтисодӣ ва бозаргонии Узбакистон аст.