Сентябр 19, 2019 08:49 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти ронандагии муҳоҷирони хориҷӣ дар вилояти Примореи Русия

Бар асоси дастури раиси вилояти Примореи Русия, дар Шарқи Дури ин кишвар, аз аввали соли 2020 ронандагии муҳоҷирони хориҷӣ, ба вижа шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнуъ аст.

Ба гузориши “Спутник”, Олег Кожимяко ахиран фармонеро имзо кард, ки бар асоси он аз оғози соли 2020 муҳоҷирони хориҷӣ ҳаққи ронандагии васоили нақлияи умумӣ ва таксиҳоро нахоҳанд дошт.

Дар ин фармон таъкид шудааст, муҳоҷирони хориҷӣ, аз ҷумла атбои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дорои муҷаввизи расмии кор мебошанд ва ба унвони ронанда дар бахши ҳамлу нақли умумӣ фаъолият мекунанд, наметавонанд дар ин бахш ба кори худ идома диҳанд.

Аз ин рӯ, ин афрод аз ҳаққи ронандагӣ дар автобусҳо, автобусҳои барқӣ ва таксиҳои мусофиркашӣ маҳрум хоҳанд шуд.

Аммо барои ронандагони хориҷӣ, ки бо автобусҳо дар бахши интиқоли гардишгарон машғул ба кор ҳастанд, истисно вуҷуд дорад ва онон пас аз соли 2020 низ метавонанд ба фаъолияти худ идома диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки дар10 минтақаи Русия акнун коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз ҳаққи фаъолият дар бахшҳои ҳамлу нақл, иқтисоду тиҷорат, омӯзиш ва парвариш, моҳипарварӣ, маодин ва филизот маҳрум шуданд.

Мақомоти ин манотиқи Русия ҳадаф аз эъмоли маҳдудият дар фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин бахшҳоро зарурати бакоргирии атбои руси бумӣ унвон мекунанд.

Аз миёни 1 миллиону 200 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия бар асоси муҷаввизи расмӣ фаъолият мекунанд, беш аз 60 дарсад дар бахши сохтусоз машғул ба кор ҳастанд.

 

Барчасп