Сентябр 19, 2019 12:36 Asia/Dushanbe
  • Таъйини вазири умури хориҷаи нави Қазоқистон

Тибқи фармони раисҷумҳури Қазоқистон, вазири умури хориҷаи нави ин кишвар таъйин шуд.

Раёсати ҷумҳурии Қазоқистон аз интисоби Мухтор Тлеуберди ба унвони вазири умури хориҷаи нави ин кишвар хабар дод.

Мухтор Тлеуберди аз соли 2016 масъулияти муовинати аввали Вазорати умури хориҷаи Қазоқистонро бар ӯҳда дорад.

Вай мутаваллиди соли 1968 буда ва дар соли 1990 дар риштаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Қазоқистон фориғуттаҳсил шудааст. Давраи коромӯзиро дар муассисаи кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Русия ва Донишгоҳи забоншиносии Кореяи Ҷанубӣ сипарӣ кардааст.

Қосим Ҷоомарт Токаев, раисҷумҳури Қазоқистон дар ҳукми дигаре Бейбут Атамқуловро, ки ҳудуди як сол масъулияти Вазорати умури хориҷаи ин кишварро ӯҳдадор буд, ба унвони вазири санъат ва тавсеаи зерсохтҳои Қазоқистон мансуб кард.

Ҳамчунин аз сӯи Токаев , Кримбек Кушербоев ба унвони дабири давлатӣ ва Ерлан Кошонов ба симати раёсати ниҳоди раёсати ҷумҳурии Қазоқистон мансуб шуданд.

 

 

Барчасп