Сентябр 20, 2019 17:51 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 54 шаҳрванди қазоқ ба иттиҳоми ҳузур дар таҷаммуъҳои зиддичинӣ

Созмонҳои иҷтимоӣ дар як нишасти матбуотӣ аз боздошти теъдоди зиёде аз шаҳрвандони ин кишвар ба далели ҳузур дар таҷаммуъҳои зиддичинӣ хабар доданд. 

Ба гузориши "Форс", намояндагони созмонҳои иҷтимоии Қазоқистон дар қолаби нишасти матбуотӣ, аз боздошти шаҳрвандони ин кишвар барои ширкат дар таҷаммуъҳои зиддичинии ахир хабар доданд. 
 
Бар асоси ин гузориш, 54 шаҳрванди ин кишвар барои ҳузур дар таҷаммуъҳои зиддичинӣ дастгир шудаанд. 
 
Бархе шаҳрвандон ҷарима шуданд ва бархеи дигар ҳанӯз дар зиндони боздошти муваққат қарор доранд. 
 
Ағлаби афроди боздоштшуда сокинони шаҳрҳои Нурсултон, Алмаато, Актау, Актоба ва Уст Каминогорск ҳастанд. 

Ин дар ҳоле аст, ки таҷаммуъҳои зиддичинӣ дар таърихи чаҳоруми сентябр дар шаҳрҳои мухталифи Қазоқистон оғоз шуд. 
 
Ҳуззор хостори таваққуфи проектҳои чинии марбут ба сохти 55 корхонаи санъатӣ, вуруди атбои Чин ба Қазоқистон ва лағви сафари Қосим Токаев, раисҷумҳури ин кишвар ба Пекин шуданд. 
 
Мақомоти додситонии кулли Қазоқистон, Ҷунбиши интихоби демократии Қазоқистонро баргузоркунандаи ин тазоҳурот муаррифӣ кард, ки дар ин кишвар ба унвони созмони ифротӣ шинохта шудааст. 
 
Давлати Қазоқистон иттилоот дар бораи сохти 55 корхонаи санъатии Чин дар қаламрави қазоқ ва вуруди шаҳрвандони Чинро шойеа хонд. 
 
 

Барчасп