Сентябр 20, 2019 20:57 Asia/Dushanbe
  • Доллар дар остонаи ҳазф аз мубодилоти тиҷории Қирғизистону Туркманистон

Раиси Иттиҳоди санъатӣ ва тавлидкунандагони Туркманистон дар шаҳри Бишкек пешниҳоди ҳазфи доллар аз мубодилоти тиҷорӣ бо Қирғизистонро матраҳ кард.

Ба гузориши “Форс”, Александр Додоев, раиси Иттиҳоди санъатӣ ва тавлидкунандагони Туркманистон дар чорчӯби нишасти камиссиюни байнидавлатии туркманӣ- қирғизӣ дар шаҳри Бишкек пешниҳоди ҳазфи доллар аз мубодилоти дуҷонибаи тиҷориро дод.

Вай гуфт, мубодилоти тиҷорӣ байни Қирғизистону Туркманистон бояд бо истифода аз воҳиди молии 2 кишвар сурат бигирад ва тамоми шароит барои иҷрои ин ҳамкорӣ вуҷуд дорад.

Ин мақом  гуфт, Туркманистон дар ҳоли интиқол ба иқтисоди бозаргонӣ аст ва давлат имконоти бахши хусусиро дар ихтиёри туҷҷор қарор медиҳад.

Шоёни зикр аст, ки табдили арз дар Қирғизистон ба таври озод анҷом мешавад, дар ҳоле ки дар Туркманистон маҳдудиятҳои мухталифе дар ин замина вуҷуд дорад.

Истифода аз воҳидҳои молии миллӣ дар мубодилоти тиҷории ду кишвар таъсироти зиёде бар иқтисоди Туркманистону Қирғизистон хоҳад дошт ва вобастагӣ ба долларро коҳиш медиҳад.