Сентябр 21, 2019 17:45 Asia/Dushanbe
  • Азми Қазоқистон барои ҳазфи кисаҳои пластикӣ

Вазири муҳити зист, заминшиносӣ ва манобеи табиии Қазоқистон аз тасмими ин кишвар барои ҳазфи кисаҳои пластикӣ аз масрафи рӯзмарра хабар дод.

Ба нақл аз хабарггузории Форс, Мағзум Мирзоқулиев, вазири муҳити зист, заминшиносӣ ва манобеи табии Қазоқистон гуфт: Бар асоси санаде, ки дар ин замина ба имзо расида, коҳиши марҳила ба марҳилаи тавзеи кисаҳои пластикӣ дар хоки Қазоқистон дар дастури кор қарор гирифтааст.

Мирзоқулиев афзуд: Кисаҳои пластикӣ дар ин кишвар дигар ба таври ройгон тавзеъ намешавад, балки фурӯхта хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ин мақоми қазоқ: Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар сурати амалисозии рекордҳои муносиб, масрафи пластика ва полиэтилен 30 дарсад коҳиш меёбад.

 

Барчасп