Сентябр 23, 2019 13:22 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор дар пойгоҳи низомии Қазоқистон

Вазорати дифои Қазоқистон аз захмӣ шудани 10 низомӣ бар асари инфиҷор дар пойгоҳи  “Арис”-и ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Вазорати дифои Қазоқистон рӯзи душанбе эълом кард, 10 низомии ин кишвар бар асари инфиҷори муҳиммот дар пойгоҳи низомии атрофи шаҳри Арис, дар ҷануби ин кишвар кушта шуданд.

24 июн ҳам дар пойгоҳи низомии шаҳри Арис оташсӯзии шадиде иттифоқ афтоду дар пайи он бомбаҳои зиёде мунфаҷир шуданд.

Давлати Қазоқистон ҷамъияти 44 ҳазорнафарии шаҳри Арисро тахлия кард, аммо шаҳрвандони ин минтақа 29 июн ба хонаҳои худ бозгаштанд.

 

Барчасп