Тавофуқи Русия ва Қазоқистон барои иктишофи захоири нафту газ
(last modified Mon, 23 Sep 2019 15:46:15 GMT )
Сентябр 23, 2019 20:46 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Русия ва Қазоқистон барои иктишофи захоири нафту газ

Ширкатҳои нафтии Қазоқистон ва Русия тавофуқномае дар заминаи иктишофи захоири нафту газ имзо карданд.

Ба гузориши Форс, тавофуқномаи мазкӯр, аз сӯи Алик Айдарбек‌ов, раиси ширкати «Казмунай‌газ»-и Қазоқистон ва Воҳид Алиакбаров, раиси ширкати «Лук‌ойл»-и Русия дар шаҳри Алмаато ба имзо расид.

Ҳар ду ширкат дар мавриди шароити аслии ҳамкорӣ дар ин замина тавофуқ ва омодагии худ барои оғози иктишофоти маъданӣ бо ҳадафи арзёбии потансиали нафту гази бархе манотиқ дар қаламрави Қазоқистонро эълом карданд.

Бояд гуфт, ин тавофуқнома идомаи ҳамкориҳои баландмуддат ва пурбори ду ширкат мебошад.

Пеш аз ин, дар соли ҷории милодӣ миёни «Лук‌ойл»-и Русия ва вазорати энержии Қазоқистон ва ширкати «Казмунай‌газ» қарордоди иктишофу истихроҷи маводи нафту газ дар минтақаи Женис тавофуқномае дар мавриди усули «I-P-2 » ба имзо расида буд.

Ҳар ду ин тарҳ дар бахши қазоқии дарёи Хазар қарор доранд.