Сентябр 23, 2019 20:52 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани 10 сарбоз бар асари инфиҷори муҷаддад дар Ариси Қазоқистон

Вазорати дифои Қазоқистон аз захмӣ шудани 10 сарбози минаруб бар асари инфиҷор дар пойгоҳи низомии минтақаи Ариси ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши Форс , ин ҳодиса дар пойгоҳи низомӣ дар 60 километрии шаҳри Арис дар пайи инфиҷори як қитъа аз муҳимоти низомӣ ба вуқуъ пайваст.

Дар натиҷаи он, 10 сарбози минаруб қазоқ захмӣ ва ба бемористони саҳроии вазорати дифои ин кишвар мунтақил шуданд.

Дар ҳоли ҳозир корҳои таҳқиқотӣ барои баррасии далоили ин инфиҷор дар даст баррасӣ аст.

Дар таърихи 24 июни соли ҷорӣ дар пойгоҳи низомии шаҳри Арис оташисӯзии шадиде иттифоқ афтод ва дар пайи он бомбҳои мутааддиде мунфаҷир шуданд.

Давлати Қазоқистон ҷамъияти 44 ҳазор нафарии шаҳри ирйсро тахлия кард, аммо шаҳрвандони ин минтақа дар таърихи 29 июн ба хонаҳои худ бозгаштанд.

 

Барчасп