Сентябр 25, 2019 17:54 Asia/Dushanbe
  • Токаев: Қазоқистон омодаи густариши равобит бо Украина аст

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар дидор бо ҳамтои украинии худ, аз омодагии Нурсултон барои густариши равобити сиёсӣ, тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Украина хабар дод.

Қосим Ҷомарт Токаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Милал бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши “Форс”, Токаев ба наздикии торихи Қазоқистону Украина ва ояндаи муштараки 2 кишвар таъкид ва бо ишора ба фурсатҳои бузург миёни Нурсултон ва Киев, барои густариши бештари ҳамкорӣ бо ин кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ ва иқтисодӣ ибрози омодагӣ кард.

Дар поёни ин мулоқот Токаев ва Зеленский аз якдигар барои анҷоми сафарҳои мутақобил даъват карданд.

Токаев дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии СММ ҳамчунин бо руасои ҷумҳурии Швейтсария, Булғористон, Лаҳистон, Гурҷистон, Урдун ва дабири кулли СММ дидору гуфтугӯ кард.

 

Барчасп