Сентябр 26, 2019 22:30 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Қазоқистон барои эҷоди феҳристи ҷаҳонии гурӯҳҳои террористӣ

Нурсултон Назарбоев, нахустин раисҷумҳури Қазоқистон, ки дар моҳи декабри соли гузаштаи мелодӣ аз симмати худ истеъфо кард, хостори эҷоди феҳристи ҷаҳонии гурӯҳҳои террористӣ ва созмонёфта шуд.

Нурсултон Назарбоев, ки ҳамчунон раёсати Шӯрои амнияти миллӣ ва раҳбарии ҳизби "Нур Отан" (Нури Ватан) ҳизби аксарият дар Маҷлиси миллии Қазоқистонро ба ӯҳда дорад, дар маросими ифтитоҳи чорумин нишасти байналмаҷолиси Авруосиё дар шаҳри Нурсултон бо таъкид бар тақвияти ҳамбастагии байнипарлумонӣ таъкид кард: Бояд монеи қонунӣ барои фурӯши маводи мухаддир аз тариқи интернет бо истифода аз пулҳои электроникӣ ва рамзгузоришуда эҷод кард.

Чорумин нишасти байналмаҷолиси Евраазия бо ҳузури руасои маҷолис ва намояндагони 65 кишвар ва 14 созмони байналмилалӣ бо шиори "Авруосиёи бузург: Гуфтугӯ, эътимод ва мушорикат" дар пойтахти Қазоқистон баргузор шуд.

Бидуни шак, Қазоқистон ба унвони яке аз аслитарин қурбониёни ҷараёнҳои терористӣ ва ифротгароӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.

Дарвоқеъ, дар бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ ҷараёнҳои террористӣ ва ифротгароии мазҳабӣ таи солҳои гузашта ҳомиёни зиёдеро даври худ ҷамъ кардаву осебҳои зиёде ба ҷомеаи ҷавони Қазоқистон ворид сохтааст.

Дар ин замина Давлат Аброев, яке аз мақомҳои Вазорати кишвар ва коршиноси умури динии Қазоқистон фақр ва поин будани саводи динӣ дар миёни мардум, бахусус ҷавононро иллати гароиш ба самти ифротгароӣ унвон кард.

Ин коршиноси умури динӣ ҳамчунин бо баёни ин, ки яке аз иллатҳои гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мушкилоти иҷтимоӣ аст тасреҳ кард: Бештари аъзои гурӯҳҳои ифротиро ҷавонони 25 то 35- солаи рустоӣ ташкил медиҳанд, ки дар хонаводаҳои фақир бузург шудаанд ва дар мадорис ва донишгоҳҳои олӣ омӯзиш надидаанд ва то замони зиндонӣ шудан низ шуғли собите надоштанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин собиқа бояд гуфт: Пешниҳоди Нурсултон Назарбоеви 79-сола барои эҷоди феҳристи ҷаҳонии гурӯҳҳои терроистӣ ва созмонёфта дар ҳоле аст, ки Қазоқистон ба унвони яке аз қурбониёни ҷараёнҳои ифротгароӣ ва терроризм дар Осиёи Марказӣ бештарин хисоратро аз салафигарӣ ва ваҳҳобияти воридотӣ аз бархе кишварҳои араби ҳошияи Халиҷи Форс шоҳид будааст.

Ин сиёсатмадори қазоқистонӣ, ки пеш аз ин низ тарҳҳои муҳиме ба манзури тақвияти ҳамкорҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ироа кардааст, дар моҳи ноябри соли 2015 низ тарҳи таъсиси "Шабака ҷаҳонӣ таҳти назорати Созмони Милал ба манзури мубориза бо созмонҳои террористии байналмилалӣ" -ро матраҳ карда буд.

Далели таваҷҷӯҳ ба ин амрро бояд дар бурӯзи бархе мушкилоти ҷорӣ ва оянданигарии мақомҳои Қазоқистон дар заминаи мушкилоти ношӣ аз ифротгароии динӣ дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ дар оянда қаламдод кард.

 

 

 

Барчасп