Баргузории тамриноти муштараки ниҳодҳои имдоди Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон
(last modified Fri, 27 Sep 2019 13:43:31 GMT )
Сентябр 27, 2019 18:43 Asia/Dushanbe
  • Баргузории тамриноти муштараки ниҳодҳои имдоди Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон

Нахустин тамриноти ниҳодҳои изтирории Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар устони Ботканди Қирғизистон баргузор шуд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт: Тамриноти муштараки ниҳодҳои муртабити 3 кишвар дар заминаи муқобила бо офатҳои табиии марзӣ таҳти унвони "Таомули ниҳодҳои мудирият ва нерӯҳои муртабити 3 кишвар дар сурати бурӯзи офатҳои табиӣ ва фаннӣ" баргузор шуд.

Ба нақл аз ИРНА, Юсуфӣ афзуд: Дар ин тамриноти муштараки байналмилалӣ нерӯ  ва таҷҳизоти ниҳодҳои муртабити 3 кишвар Тоҷикисон, Қирғизистон ва Узбакистон ҳузур доштанд.

Юсуфӣ гуфт: Ин размоиш дар чорчӯби тавофуқоти байнидавлатӣ дар заминаи пешгирӣ ва лағви оқибатҳои офатҳои табиӣ ва  ҳамчунин протоколи имзошуда дар апрели соли ҷории мелодӣ дар шаҳри Бишкек дар заминаи ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои имдоди Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон сурат гирифт.