Сентябр 27, 2019 20:19 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти вузарои иқтисоди Созмони Шанхай дар Тошканд

Ҳаждаҳумин нишасти вузарои иқтисодӣ ва бозаргонии кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд баргузор шуд.

Ба нақл аз Форс, дар ин нишаст Шри Сам Пракаш, вазири тиҷорат ва саноати Ҳиндустон, Руслан Доленов, вазири иқтисоди миллии Қазоқистон, Юи Жиян Ҳува, муовини вазири тиҷорати Чин, муовини намояндаи Чин дар гуфтугӯҳои бозаргонӣ, Султон Аҳмадов, муовини вазири иқтисоди Қазоқистон, Ирфон Юсуф Шомӣ, сафири Покистон дар Узбакистон, Тимур Максимов, муовини вазири тавсаи иқтисодии Русия, Гулрӯ Ҷабборзода, муовини вазири тавсиаи иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Сардор Умурзоқов, вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбакистон ҳузур доштанд.

Дар ин нишаст ҳамъчунин Шералӣ Ҷонон, муовини дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай ширкат кард.

Ин нишаст ба раёсати вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбакистон баргузор шуд.