Сентябр 27, 2019 21:19 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду шаҳрванди Амрико дар Қирғизистон ба ҷурми ҳамли маводи мухаддир

Ду шаҳрванди Амрико дар ҷануби Қирғизистон ба ҷурми ҳамли маводи мухаддир боздошт шуданд.

Муовини пулиси устони Ҷалолободи Қирғизистон аз боздошти 2 шаҳрванди Амрико ба ҷурми ҳамли маводи мухаддир хабар дод.

Ба нақл аз Форс, бар асоси ин гузориш 2 довталаби Сипоҳи Сулҳи Амрико аз ҷумла, Эй Дэниел Джеймс ва Пауэл Диоткин, ки дар чорчӯби барномаи иҷтимоӣ вориди Қирғизистон шуданд, дар ҷануби ин кишвар машғул ба ҳамли маводи мухаддир аз навъи ҳашиш буданд.

Ба гузориши Маркази матбуотии пулиси Қирғизистон афроди мазкур ба муддати 2 моҳ то поёни амалиёти бозрасӣ боздошт хоҳанд шуд.