Сентябр 30, 2019 18:51 Asia/Dushanbe
  • Камилов: 235  шаҳрванди узбакро аз Сурия ва Ироқ боз мегардонем

Вазири умури хориҷаи Узбакистон дар нишасти Шӯрои амнияти СММ гуфт, Узбакистон аз Сурия ва Ироқ 235 нафари атбои худро боз мегардонд.

Ба гузориши Форс, вазири умури хориҷаи Узбакистон изҳор дошт, терроризм дар ҷаҳони кунунӣ омили аслӣ хушунат аст, ки аз фанновариҳои ҷадид ва каридорҳои байналмилалии транзитӣ истифода ва афроди ҷадидро истихдом мекунад.

Камилов афзуд, пештар тавассути Узбакистон 156 шаҳрванди ин кишвар, ки бештар зану кудак буданд аз манотиқи даргирӣ дар Сурия ба меҳан бозгардонда шудааст.

Вай таъкид кард, ки ин амалиёт сахт ва ҳамроҳ бо риск будааст.

Вазири умури хориҷаи Узбакистон изҳор дошт, имрӯз мо мунтазири бозгардонда шудан 65 кудак аз Ироқ ва 170 нафар аз Сурия ҳастем. Дар ин замина мо ниёзманди кумакҳои созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дахил мебошем.

Камилов гуфт, Узбакистон омодаи ҳамкорӣ аст ва аз таҷрубаи бозгардондани онҳо ба як зиндагии оддӣ ва созгорӣ бо ҷомеа, дастрасӣ ба барномаҳои омӯзишӣ ва дигар барномаҳои иҷтимоӣ бархӯрдор аст.

Гуфтанист, рӯзи 30 майи соли ҷории милодӣ ба дастури раисиҷумҳури Узбакистон 156 шаҳрванди ин кишвар, ки бештар зану кӯдак буданд аз манотиқи даргирӣ дар Сурия ба меҳан бозгардонда шуданд.