Октябр 01, 2019 12:39 Asia/Dushanbe
  • Муҷозоти ҳокими вилояти Фарғонаи Узбакистон

Шуҳрат Ғаниев ҳокими динситези вилояти Фарғонаи Узбакистон аз сӯи парлумони ин кишвар муҷозот шуд.

Ба нақл аз хабари имрӯзи сомонаи Фарғона, аъзои Маҷлиси сенати парлумони Узбакистон ба дунболи бозшунавии забси садои Шуҳрат Ғаниев, ки дастури бархурд бо мардони ришдор ва бонвони муҳаҷҷабаро додааст, ба вай ихтори шадид ва фурсати 3 моҳаи озмоишӣ ҷиҳати ислоҳи рафторҳояшро доданд.

Ҳокими вилояти Фарғонаи Узбакистон дар охири ҷаласае расмӣ ба ҳукуматдорони маҳаллӣ гуфтааст теъдоди ришдорон дар бархе шаҳристонҳо зиёд аст ва он ки агар дар ҷаласоте ҳузури занон ва духтарони ҳиҷобдор мушоҳида шаванд бидуни ҳеҷ даранге сатри онҳоро бармедорам.

Ин иқдоми динситезонаи Шуҳрат Ғаниев ҳокими вилояти Фарғона бо вокунишҳои густардаи манфӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ру ба ру шуда ва инак Маҷлиси сенати парлумони Узбакистон низ ба раёсати Танзила Норбоева Шуҳрат Ғаниевро муҷозот кардааст.

Аксарияти кулли ҷамъияти 32 миллион нафарии Узбакистонро мусалмонон ташкил медиҳанд, мусалмонони ин кишвар дар даврони зимомдории 25 солаи Ислом Каримов раиси ҷумҳури пешини Узбакистон таҳти шадидтарин фишорҳо ва маҳдудиятҳо қарор доштанд, ки бо руи кор омадани Шавкат Мирзиёев вазъияти ёдшуда ба тадреҷ дар ҳоли тағйир карданд аст.