Тамҷиди раиси ҷумҳури Узбакистон аз либоси бонвони мусалмони ин кишвар
(last modified Tue, 01 Oct 2019 08:17:14 GMT )
Октябр 01, 2019 13:17 Asia/Dushanbe
  • Тамҷиди раиси ҷумҳури Узбакистон аз либоси бонвони мусалмони ин кишвар

Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбакистон аз либоси бонвони мусалмони ин кишвар тамҷид кард.

Ба нақл аз сомонаи Ка-Ниюз, раиси ҷумҳури Узбакистон дар маросими тақдир аз варзишкорон ва мураббиёни тими миллии бокси Узбакистон, ки дар Ҷоми ҷаҳонии ин ришта хуш дарахшиданд хитоб ба модари Миразизбег Мирзохалилов узви ин тим, ки бо пушиши исломӣ ба ҷаласа омада буд гуфт, тарзи пушиши шумо барои ман ёдовари модарони муқаддаси миллат аст.

Раиси ҷумҳури Узбакистон дар ҳамин замина гуфт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёде матраҳ мешаванд, аммо воқеият ин аст, ки ин тарзи пушиш ва рӯймол барозандаи ин модару занони узбак аст.

Шавкат Мирзиёев афзуд, ҳеҷкас ва ҳеҷгоҳ дар Узбакистон мухолиф нахоҳад буд, ки модарон ва хоҳарони муҳтарами мо ин гуна пушиш дошта бошанд.

Шавкат Мирзиёев дар поён таъкид кард, шумо хушбахт ҳастед, ки чунин фарзандеро тарбият кардед.

Ин бахш аз суханони раиси ҷумҳури Узбакистон дар маросими тақдир аз боксёрҳо бо истиқболи пуршури ҳозирин ру ба ру шуд.

Тамҷиди Шавкат Мирзиёев аз пушиши исломии бонвон дар ҳолест, ки дирӯз Маҷлиси Узбакистон Шуҳрат Ғаниев ҳокими вилояти Фарғонаи ин кишварро ба далели тавҳин ба занон ва мардони мусалмон муҷозот кард.