Таъсиси Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар Донишгоҳи Форобии Қазоқистон
(last modified Wed, 02 Oct 2019 06:31:27 GMT )
Октябр 02, 2019 11:31 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар Донишгоҳи Форобии Қазоқистон

Нахустин Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон, дар Донишгоҳи миллии Абӯнасри Форобӣ дар шаҳри Алмаато, пойтахти пешини Қазоқистон ифтитоҳ шуд.

Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, ин марказ ба ибтикори Донишкадаи шарқшиносии ин донишгоҳ ва мусоидати консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато таъсис шудааст.

Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар Донишгоҳи миллии Абӯнасри Форобии шаҳри Алмаато шомили китобхона, толори ҷаласот ва утоқи иттилоот дар бораи забон ва фарҳанги тоҷикӣ аст.

Дар маросими кушоиши ин марказ, донишҷӯёни Донишкадаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Абӯнасри Форобӣ ашъореро аз осори  Абӯабдуллошҳи Рӯдакӣ, падари шеъри форсӣ ва дигар шоирони барҷастаи порсигӯро хонданд.

Ҳадафи ифтитоҳи Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар Донишгоҳи миллии Форобии шаҳри Алмаатои Қазоқистон, густариши равобити фарҳангӣ миёни ин ду кишвар ва ошноии бештари донишҷӯёни он бо забон ва фарҳанги тоҷикон унвон шудааст.