Октябр 02, 2019 18:15 Asia/Dushanbe
  • Боздошти вазири дохилии Туркманистон

Вазири умури дохилии Туркманистон ба далели фасод ва камкорӣ тавассути раисҷумҳури ин кишвар барканор шуд.

Искандар Маликов, вазири умури дохилии Туркманистон тавассути Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури ин кишвар барканор шуд.

Ба гузориши “Форс”, ҳамчунин Бердимуҳаммадов тамоми нишонаҳои давлатӣ ва дараҷаҳои низомии вазир дохилии Туркманистонро лағв кард.

Чанде пеш Ботир Атадоев, додситони кулли Туркманистон аз фасод дар сохторҳои Вазорати дохилӣ хабар дода буд.

Бар асоси ин гузориш, Маликов аз ихтиёроти худ сӯиистифода карда ва дар бархе маворид камкории вай мушаххас шудааст.

Ҳамчунин руасои сохторҳои мухталифи ин вазоратхона ба иттиҳом ба дарёфти ришва ва адами баррасии парвандаҳои қазоӣ боздошт шуданд.

Расонаҳои давлатӣ иттилооте дар бораи иқдомоти дигар дар бораи Маликов мунташир накардаанд.

Тибқи иттилооти ғайрирасмӣ, вазири собиқи дохилии Туркманистон низ боздошт шудааст.

Шоёни зикр аст, ки 2 ҳафта пеш вазири тиҷорат ва иртибототи хориҷаи Туркманистон низ ба далели фасод ва камкорӣ барканор ва боздошт шуд.