Октябр 02, 2019 21:27 Asia/Dushanbe
  • Саҳми 54 дарсадии аъзои Ҷомеаи Ҳамсуд дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бахши умдаи тиҷорати хориҷии ин кишварро бо кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ муртабит донист.

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бахши умдаи тиҷорати хориҷии ин кишвар дар 8 моҳи соли 2019 мелодиро бо кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ муртабит донист.

Ба гузориши “Форс”, бинобарин гузориш 54.8 дарсад ё як миллиарду 549 миллион доллар аз ҳаҷми куллии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ ё Ҷомеаи Ҳамсуд муртабит аст.

Касри тиҷорати ин кишвар бо кишварҳои ИДМ як миллиарду 36 миллион доллар баровард шудааст.

Бештарин рушди тиҷориро Тоҷикистон бо Арманистон, Узбакистон ва Украина дошта, ки ба тартиб 39, 20.2 ва 15.2 дарсад будааст.

Бинобар иттилои Ожонси омори Тоҷикистон, ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон бо Арманистон ночиз буда ва танҳо 315.7 ҳазор доллар баровард шудааст.

Ҳаҷми тиҷорати мутақобили Тоҷикистон бо Узбакистон дар 8 моҳи соли ҷории мелодӣ беш аз 231.8 миллион доллар буда, ки беш аз 110.7 миллион доллар аз он бо воридоти маҳсулоти ӯзбакӣ ба ин кишвар муртабит аст.

Содироти маҳсулоти тоҷикӣ ба ин кишвар беш аз 121 миллион доллар эълом шудааст.

Мубодилаи тиҷории Тоҷикистон ва Украина тайи ин муддат беш аз 29.5 миллион долларро ташкил додааст.

Русия, ки тиҷорати мутақобили ин кишвар бо Тоҷикистон 654.6 миллион доллар эълом шудааст, дар рутбаи нахусти шарикони тиҷории Душанбе қарор дорад.

 

Қазоқистон бо 559.3 миллион доллар дар ҷойгоҳи дувуми ин феҳрист дарҷ шудааст.

Дар маҷмуъ, тиҷорати мутақобили Тоҷикистон бо тамом кишварҳои ИДМ беш аз як миллиарду 549 миллион доллар баровард шуда, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузаштаи мелодӣ 0.5 дарсад рушд кардааст.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ шакл гирифт. Баёнияи таъсиси ин иттиҳодия дар 21 декабри 1991 (20 озар 1380) дар Алмаато тавассути раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шудааст.

 

 

Барчасп